КӮМАКИ КИШОВАРЗОН ДАР БАРҚАРОРСОЗӢ

Май 17, 2010 09:56

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷӣкистон ба номи Шириншо Шотемуров, Бозрасии давлатии назорати техникии  кишоварзӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, КВД «Тоҷикагролизинг» ва дастгоҳи марказии вазорат аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохтмони се бинои истиқоматиро бо   тамоми таҷҳизоти рӯзгордорӣ барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб ба ӯҳда гирифтаанд. Ҳамзамон сохторҳои кишоварзии дар вилояти Хатлон буда, вазифадор карда шуданд, ки бо кӯмаки вазорат дар кӯтоҳтарин муддат оқибатҳои офати табииро бартараф намоянд. Дар заминҳое, ки аз сангу лойқа тоза карда мешаванд, ба кишти ҷуворимакка, сабзавот ва дигар зироатҳои ба шароити  минтақа мувофиқро кишт намоянд.  

Май 17, 2010 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд