КОРҲОИ БАРТАРАФСОЗИИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ
Восеъ, 31 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Восеъ корҳои бартарафсозии офати табиӣ идома дорад. Дар ҳудуди ҷамоати Пахтакор, ки бар асари офати табиӣ таърихи 4 апрел бо омадани сел ва раҳна гардидани соҳили дарёи Ёхсу 29 хонаи истиқоматии сокинон ва роҳу пулҳои деҳаи Кӯчабоғи ноҳия пурра зарар дида буд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти харобгашта барқарор ва барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида хонаҳои нави истиқомати сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин мавзеъ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара то моҳи ноябри соли равон 5 хонаи истиқоматӣ мувофиқ ба талаботи меъморӣ бо сифати баланд ва шароити зарурии рӯзгор сохта мавриди истифода қарор дода мешавад. Барои ҳарчи зудтар сохта ба истифода додани манзилҳои нав корҳои сохтмонӣ бо вусъат ҷараён дошта, мутахассисон узви оилаҳои зарардидаро ба кор ҷалб намуда, дар ҳамдастӣ хонаҳои истиқоматиро бунёд месозанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






