КОРҲОИ БАРТАРАФСОЗИИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Май 31, 2010 16:06

Восеъ, 31 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Дар ноҳияи Восеъ корҳои бартарафсозии офати табиӣ идома дорад. Дар ҳудуди ҷамоати Пахтакор, ки бар асари офати табиӣ таърихи 4 апрел бо омадани сел ва раҳна гардидани соҳили дарёи Ёхсу 29 хонаи истиқоматии сокинон ва роҳу пулҳои деҳаи Кӯчабоғи ноҳия пурра зарар дида буд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти харобгашта барқарор ва барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида хонаҳои нави истиқомати сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин мавзеъ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара то моҳи ноябри соли равон 5 хонаи истиқоматӣ мувофиқ ба талаботи меъморӣ бо сифати баланд ва шароити зарурии рӯзгор сохта мавриди истифода қарор дода мешавад.          Барои ҳарчи зудтар сохта ба истифода додани манзилҳои нав корҳои сохтмонӣ бо вусъат ҷараён дошта, мутахассисон узви оилаҳои зарардидаро ба кор ҷалб намуда, дар ҳамдастӣ хонаҳои истиқоматиро бунёд месозанд.                                  

Май 31, 2010 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд