КОРҶӮЁН БО КОР ТАЪМИН МЕШАВАНД

Май 27, 2010 10:57

Шаҳраки Сомониён, 27 май. (АМИТ «Ховар». Ҳотам Рабиев)- Имрўз бо ташаббуси раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ – шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи Рўдакӣ  ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид. Дар ярмарка намояндагони шўъбаи маориф, соҳаи тандурустӣ ва дигар бахшу сохторҳо ҳузур доштанд. Тавре сардори раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ – шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи Рўдакӣ Холназар Баротов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, алҳол дар ноҳия 637 то ҷойҳои кории холӣ мавҷуд аст. Асосан соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф ба мутахассисон эҳтиёҷ доранд. Аз авали сол ( як ҳазору 347 нафар шаҳрвандон дар қайди раёсати Агентӣ ҳамчун шахси корҷў буда, 201 нафари онҳо бо кор  таъмин гашта 132 нафар ба курсҳои касбомўзӣ фиристонда шуданд. Баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар ноҳияи Рўдакӣ имкон дод, ки чандин нафар корҷўён бо ҷои кор таъмин шаванд.

Май 27, 2010 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад