КОРХОНАИ НАВИ ДӮЗАНДАГӢ

Май 7, 2010 09:42

Истаравшан,  7 май. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). —   6 май  дар  маҳаллаи  Гагарини  шаҳри  Истаравшан Ҷамъияти  саҳҳомии  «Хуршеди  Истаравшан»  дар  вазъияти ботантана  кушода  шуд. Дар  маросими  ифтитоҳи  корхона   Сарвазири  ҷумҳурӣ  Оқил  Оқилов,  раиси  вилояти  Суғд  Қоҳир  Расулзода ва раиси  шаҳри  Истаравшан  Мунъим Холиқов  иштирок  доштанд. Тасмаи  рамзии  ҳусни  оғози  фаъолияти  корхонаро  Оқил  Оқилов  ва  Қоҳир  Расулзода буриданд. Ҳамон рӯз  роҳбарияти «Хуршеди  Истаравшан» барои  ҷамъомадагон  зиёфати  идона  ороста, ба  25  нафар  иштирокчии  ҷанг  ва  аскари  интернатсионалист  тӯҳфаҳои  хотиравӣ  супорид. Ҷамъияти  саҳҳомии  «Хуршеди  Истаравшан»   корхонаи  дӯзандагӣ  буда,  онро  соҳибкор  Баҳром  Мӯъминҷонов кушод. Барои  сохтмони  бинои дуошёнаи  корхона  ва  хариди  дастгоҳҳои  дӯзандагӣ  340  ҳазор  сомонӣ  сарф   шуд.   Айни  ҳол  дар  ин  ҷо  40  нафар  зану  духтари маҳаллӣ  кор  мекунад.  Рӯзҳои наздик  боз  ҷойҳои нави  корӣ т ашкил карда  мешаванд. Дар  корхона   либосҳои  занона,  аз  ҷумла,  куртаҳои  миллӣ,  зардӯзӣ, гулдӯзӣ, каллапӯшҳои  зардӯзӣ  ва  навъҳои  гуногуни  кӯрпа  дӯхта  мешаванд. Соҳибкор  Б. Мӯъминҷонов  қабл  аз  ин  корхонаи  равғанкашӣ  кушода,  32  нафарро  бо  кор таъмин  карда буд.  

Май 7, 2010 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад