КОРВОНИ ТУХМИҲО БА МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Май 26, 2010 17:20

Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов  дар    ҷаласаи сайёри назди вазир , ки санаи 15 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардида буд,  бинобар зарари расида аз офатҳои табии  6-7 майи  соли  равон   ҷиҳати кӯмак ба хоҷагиҳои зарардидаи мавзеи мазкур  масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки ҳарчи зудтар заминҳои аз сел осебдидаро барқарор намуда, ҳосили гандумро, ки дар шакли думбул қарор дорад, дарав намоянд. Барои дар масоҳати 410 гектар  заминҳои барқароргардида  кишти  пиёзи бех, помидор, бодиринг, ҷуворимакка, каду, тарбӯз  ва харбӯза   гузаронида, аз тарафи вазорат тухмиҳои хушсифат ба маблағи зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ  таъмин карда шаванд. Бо ҳамин мақсад имрӯз корвони аввалини кӯмакҳо аз Корхонаи воҳиди давлатии «Навъҳои тухми сабзавот»-и вазорат дар ҳаҷми 11 тонна тухмиҳо, аз ҷумла тухми ҷуворимакка, каду, тарбӯз, помидор, бодиринг, харбӯза  ва пиёз ба минтақаи Кӯлоб  фиристода шуд. Инчунин, рӯзҳои 22-23 маи соли ҷорӣ ба ноҳияҳои Мӯминобод 52 тонна, Балҷувон 51 тонна  ва Ховалинг 51 тонна тухми каротошкаи навъи «Невский R-1», ки аз Федератсияи Росия ба ҷумҳурии мо  ворид гардидааст,  фиристода шуд.            

Май 26, 2010 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст