КОРВОНИ ТУХМИҲО БА МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов дар ҷаласаи сайёри назди вазир , ки санаи 15 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардида буд, бинобар зарари расида аз офатҳои табии 6-7 майи соли равон ҷиҳати кӯмак ба хоҷагиҳои зарардидаи мавзеи мазкур масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки ҳарчи зудтар заминҳои аз сел осебдидаро барқарор намуда, ҳосили гандумро, ки дар шакли думбул қарор дорад, дарав намоянд. Барои дар масоҳати 410 гектар заминҳои барқароргардида кишти пиёзи бех, помидор, бодиринг, ҷуворимакка, каду, тарбӯз ва харбӯза гузаронида, аз тарафи вазорат тухмиҳои хушсифат ба маблағи зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ таъмин карда шаванд. Бо ҳамин мақсад имрӯз корвони аввалини кӯмакҳо аз Корхонаи воҳиди давлатии «Навъҳои тухми сабзавот»-и вазорат дар ҳаҷми 11 тонна тухмиҳо, аз ҷумла тухми ҷуворимакка, каду, тарбӯз, помидор, бодиринг, харбӯза ва пиёз ба минтақаи Кӯлоб фиристода шуд. Инчунин, рӯзҳои 22-23 маи соли ҷорӣ ба ноҳияҳои Мӯминобод 52 тонна, Балҷувон 51 тонна ва Ховалинг 51 тонна тухми каротошкаи навъи «Невский R-1», ки аз Федератсияи Росия ба ҷумҳурии мо ворид гардидааст, фиристода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






