ЛАГЕР БАРОИ БАЧАГОНИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА

Май 31, 2010 16:13

Кӯлоб, 31 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон   Холов). — Дар доираи татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини истироҳати мактабиёни оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо дастуру супориши Сарвари Давлат ин мавсим аз шумораи умумии 1 ҳазору 340 нафар наврасони оилаҳои мазкур 200 нафар дар истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, 400 нафар дар лагери берун аз шаҳрӣ ва боқӣ дар 14 лагери назди мактабӣ дар 3 баст ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешавад. Бо мақсади дар ин давра низ ба донишандӯзӣ ҷалб намудани насли наврас имрӯз дар арафаи рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, бо иқдоми сардабири ҳафтаномаи СССР — рӯзноманигор Сайёфи Мизроб аз ҷониби аҳли эҷоди ҳафтанома ба хонандагони мактаби миёнаи рақами 53 — и шаҳри Кӯлоб, ки дар назди ин муассиса наврасони оилаҳои аз офати таббиӣ зарардида маҳаллаи Чармгарони шаҳр ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ 400 номгӯи адабиёти бачагона кӯмак карда шуд. Аҳли эҷоди ҳафтанома бо ҷонибдорӣ аз дастуру супориши сарвари давлат маротибаи 3-юм ҳаст, ки нисбат ба ин оилаҳои ниёзманд дасти кӯмак дароз менамоянд. Кӯмаки навбатӣ иборат аз номгӯи адабиёти бачагона пас аз истифода барои ғанӣ гардонидаи фонди китоби китобхонаи ин муассисаи таълимӣ нигоҳ дошта мешавад.  

Май 31, 2010 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад