ЛОИҲАҲОИ АГЕНТИИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Май 20, 2010 09:09

Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори Агентии сохтмон ва меъморӣ, мутахассисони  соҳаи лоиҳакашӣ бо мақсади иҷрои   дастуру супоришҳои Сарвари давлат, оид ба таҷлили ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи саривақтию сифатноки 16 ҳуҷҷати лоиҳавию харҷномавии иншоотҳои сохташавандаи ҷумҳуриро анҷом доданд. Мутахассисони Агентии сохтмон ва меъморӣ таҳияи лоиҳаҳои навбати дуюми Гимназия барои кӯдакони болаёқат, бинои 20 ошёнаи «Душанбе — Плаза» дар шаҳри Душанбе, Маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Тоҷикобод, Бойгонии давлатӣ барои 150 ҳазор нигоҳдорӣ дар шаҳри Данғара, нақшаи генералии шаҳраки Баҳори ноҳияи Носири Хисрав, Маркази савдо, корхонаи хиштбарорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва боз даҳҳо иншооти дигарро барои амалисозӣ ба ширкатҳои сохтмонӣ супорида, сифати иҷрои онро зери  назорат гирифтаанд.          

Май 20, 2010 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст