МАҲАЛЛАҲОИ САҲБО ВА ТЕЛМАН БА ТАВРИ МУЪТАДИЛ БО ОБ ТАЪМИН МЕШАВАНД
Душанбе, 18 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, тозагию ободонӣ ва риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар пойтахт аз масъалаҳои мубраме буданд, ки дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд баррасӣ гардиданд. Котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ҷаласа М. Убайдуллоев ба арзу муроҷиати шаҳрвандон, ки аз ҷониби роҳбарони субъекти институтҳои шаҳрвандӣ- раисони ширкатҳою кооперативҳои соҳибмулкони манзил ва шаҳраку маҳаллаҳо ироа гардиданд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, бо баррасии амиқи ҳар кадоме бо муқаррар намудани мӯҳлатҳо ҷиҳати рафъи масъалаҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, ба масъулин дастур дода шуд, ки барои таъмини рӯшноии даромадгоҳи биноҳои истиқоматии баландошёна дар мӯҳлати як моҳ дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони манзил тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати дастрасии мӯътадили маҳаллаҳои Саҳбо ва Телман бо оби нӯшокӣ, корҳои санитарию профилактикӣ алайҳи шапаракҳо дар шаҳр, насби чароғҳо дар сероҳаи қабристони Сари Осиё ва таъмири роҳи ин мавзеъ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор тадбирҳои воқеиро амалӣ созанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






