МАҶЛИСИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАНИ ИДМ

Май 17, 2010 09:42

Душанбе,  17 май. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). —  Дар  шаҳри Юрмалаи  Латвия  маҷлиси  52  юми  Шӯрои роҳбарони  муассисаҳои  нақлиёти  роҳи  оҳани  давлатҳои  аъзои  ИДМ  ба  охир  расид.  Аз  Тоҷикистон  дар  маҷлиси  мазкур  сардори  Корхонаи  воҳиди давлатии  муассисаи   роҳи оҳани  мамлакат   Амонулло  Ҳукумов  ва   муовини  аввали  ӯ  Владимир  Собкалов  ширкат  варзиданд. Шӯрои  мазкур  17 муассисаи   роҳи оҳани   мамлакатҳои  аъзои  ИДМ,   соҳили  баҳри  Балтик,  Гурҷистон,  Булғористон  ва  Финляндияро  муттаҳид  месозад.  Вазифаи он  таъмини  ҳамкории  техникию  иқтисодӣ, молиявӣ  ва  халли  масъалаҳои  ҳуқуқии  фаъолияти  ин  муассисаҳо  мебошад. Шӯро  дар  сатҳи  байнидавлатӣ фаъолияти   нақлиёти  роҳи  оҳанро  ба  низом  дароварда,  принсипҳои  ҳамкориро  мувофиқа  намуда,  роҳу  воситаҳои  то  ҳадди  имкон  кам  кардани   монеаҳои  сунъии  ҳамлу  нақли  молро   дар  байни  мамлакатҳо  муайян  месозад. Маҷлиси  пештараи  Шӯрои  мазкур   моҳи  октябри  соли  2009  дар  Ӯзбекистон  баргузор  гардида буд.

Май 17, 2010 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад