МАҶЛИСИ ШӮРОИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ
Маскав, 24 май. (АМИТ «Ховар»). — 21 май дар шаҳри Санкт — Петербург маҷлиси 26 – уми роҳбарони мақомоти Шӯрои байнидавлатӣ — мақоми олии Иттифоқҳои гумрукҳои Русия, Белорусия ва Қазоқистон, Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия баргузор гардид, ки дар он сарони ҳукуматҳо ширкат варзиданд. Аз Тоҷикистон дар ин маҷлис Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов иштирок дошт ва сухан кард. Ӯ асосан дар бораи фалокати табиии дар Кӯлоб ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон рухдода сухан ронд, ки сабаби ҳалокати даҳҳо одамон гардид. О.Оқилов бв ҳукуматҳои Қазоқистону Белорусия барои расонидани кӯмаки башардӯстона ва ҳайати қумондонии Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои расонидани кӯмак ба аҳолӣ изҳори сипос намуд. Дар фарҷоми маҷлис 19 ҳуҷҷати ҳамкорӣ имзо карда шуд. Русия мамлакатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразияро даъват намуд, ки узви Иттифоқи гумрукҳо гарданд. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ба узвияти иттифоқи мазкур мароқ зоҳир намудаанд. Зеро Русия тайёр аст, ки бо ин роҳ монеаҳои мубодилаи қувваи кориро дар доираи фазои ягонаи иқтисодӣ барҳам диҳад. Ёдовар мешавем, ки айни ҳол Русия, Белорусия ва Қазоқистон аъзои Иттифоқи гумрукҳо мебошанд. Ҷомеъаи иқтисодии Евразия Қирғизистон ва Тоҷикистонро низ муттаҳид месозад. Иштирокчиёни маҷлис созишномаро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи эътирофи барномаҳои таълимӣ имзо намуданд. Инчунин дар бораи ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи омода сохтан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои истифодаи гази табиӣ ва фишурда, ташкилу истифодаи шабакаҳои байнидавлатии марказҳои иттилоотию бозоромӯзӣ бо мақсади ба фурӯш баровардани молу хизматрасонӣ, дар бораи барномаи байнидавлатии пахши барномаҳои радио дар мамлакатҳои ИДМ то соли 2012 созишнома имзо карданд. Инчунин дар бораи вусъат бахшидани лизинги байналхалқии техникаю мошин, механизмҳо ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ, беэътибор донистани протокол дар бораи назорати гумрукии мол тавассути сарҳади гумрукии давлатҳои аъзои Иттифоқи гумрукҳо ва силсилаи ҳуҷҷатҳои марбут ба беҳтар сохтани фаъолияти муассисаҳои байторӣ ва ҷустуҷӯи аскарону афсарони дар давраи ҷанги Афғонистон беному нишон гумшуда ба имзо расиданд. Маҷлиси ояндаи сарони ҳукуматҳои ИДМ моҳи ноябри соли равон дар Маскав баргузор мегардад.