МАБЛАҒҲОИ САҲМИЯҲОИ НОБ-И РОҒУН ҲАМЧУН ДЕПОЗИТ

Май 18, 2010 13:42

Душанбе, 18 апреля. (НИАТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии ва Қарори Шӯрои нозирони ҶСК «НОБ-и Роғун» маблағҳои озод аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои НОБ-и Роғунро, ки ба 19 апрели соли 2010-ум 347,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратии ҷумҳурӣ ҳамчун депозит ба мӯҳлати якуми соли 2011 чойгир менамояд.  Барои чойгир намудани маблағҳои мазкур, хамчун депозит, Вазорати молияи ҷумҳурӣ озмун (конкурс) эълон менамояд.  Ҳамаи бонкҳои ҷумҳурӣ барои дастрас намудани ин маблағҳо метавонанд дар озмун иштирок намоянд. Бонкхои ҷумҳурӣ дархостҳои худро ба Вазорати молия  то 19 майи соли 2010 соати 10:00 дар лифофаҳои пӯшидаи мӯҳрзада пешниҳод намояд.  Дар дархостҳо ҳатман вазъияти молиявии тавозуни пардохтпазирии (ликвидность) бонкҳо, хаҷми маблағҳои дархостшаванда ва фоизи пардохт аз рӯи маблағҳои депозити (даромадноки) нишон дода шаванд. Дархостхои хамаи бонкҳо 19 майи соли 2010 бо иштироки Комиссияи озмун ба таври шаффоф дида баромада мешавад. Бонкҳое, ки вазъияти молиявии тавозуни пардохтпазириашон ба талабот чавобгу буда, даромаднокиро аз рӯи маблағҳои депозити зиёдтар пешниҳод менамоянд ғолиб дониста мешаванд. Бонкҳои аз иштирок дар озмун худдорӣ намуда, маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳои НОБ-и Роғун-ро, ки дар ҳамин бонкҳо нигоҳ дошта шуданд, дар мӯҳлати 24 соат баъди гузаронидани озмун ба суратҳисоби Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Май 18, 2010 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд