МАБЛАҒҲОИ САҲМИЯҲОИ НОБ-И РОҒУН ҲАМЧУН ДЕПОЗИТ
Душанбе, 18 апреля. (НИАТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии ва Қарори Шӯрои нозирони ҶСК «НОБ-и Роғун» маблағҳои озод аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои НОБ-и Роғунро, ки ба 19 апрели соли 2010-ум 347,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратии ҷумҳурӣ ҳамчун депозит ба мӯҳлати якуми соли 2011 чойгир менамояд. Барои чойгир намудани маблағҳои мазкур, хамчун депозит, Вазорати молияи ҷумҳурӣ озмун (конкурс) эълон менамояд. Ҳамаи бонкҳои ҷумҳурӣ барои дастрас намудани ин маблағҳо метавонанд дар озмун иштирок намоянд. Бонкхои ҷумҳурӣ дархостҳои худро ба Вазорати молия то 19 майи соли 2010 соати 10:00 дар лифофаҳои пӯшидаи мӯҳрзада пешниҳод намояд. Дар дархостҳо ҳатман вазъияти молиявии тавозуни пардохтпазирии (ликвидность) бонкҳо, хаҷми маблағҳои дархостшаванда ва фоизи пардохт аз рӯи маблағҳои депозити (даромадноки) нишон дода шаванд. Дархостхои хамаи бонкҳо 19 майи соли 2010 бо иштироки Комиссияи озмун ба таври шаффоф дида баромада мешавад. Бонкҳое, ки вазъияти молиявии тавозуни пардохтпазириашон ба талабот чавобгу буда, даромаднокиро аз рӯи маблағҳои депозити зиёдтар пешниҳод менамоянд ғолиб дониста мешаванд. Бонкҳои аз иштирок дар озмун худдорӣ намуда, маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳои НОБ-и Роғун-ро, ки дар ҳамин бонкҳо нигоҳ дошта шуданд, дар мӯҳлати 24 соат баъди гузаронидани озмун ба суратҳисоби Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






