МАРАФОНИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ БА ШАРАФИ ИДИ ҒАЛАБА
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Бо ташаббуси ширкати байнидавлатии радиою телевизиони «МИР» ва кӯмаку дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои иттиҳод, 9 май дар байни пойтахти Русия – шаҳри Маскав, шаҳрҳои дигари Русия ва мамлакатҳои ИДМ марафони телевизионӣ ташкил карда мешавад. Марафони телевизионӣ аз соати 10 – и пагоҳӣ оғоз меёбад. Онро тақрибан 250 миллион нафар тамошо хоҳад кард. Барномаи марафони телевизионӣ аз намоиши расми гузашти низомӣ дар Майдони сурх оғоз меёбад. Дар ҷараёни он лаҳзаҳо аз филми мустанади «Таърихи парадҳои Ғалаба» намоиш дода мешавад. Мухбирони ширкати байнидавлатии радиою телевизиони «МИР» аз ҷараёни таҷлили иди Ғалаба дар Минск, Брест, Киев, Севастопол, Кишинёв, Ереван, Боку, Тифлис, Остона, Бишкек ва Душанбе гузориш хоҳанд дод. Дар ҷараёни марафони телевизионӣ тамошобинонро сарони давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Украина ба муносибати ид табрик менамоянд. Марафони телевизионӣ бо озмуни мусиқии «Достони аскари ғолиб» анҷом меёбад. Дар озмун овозхонони ҷавони аз ҳамаи мамлакатҳои ИДМ интихобшуда ширкат меварзанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






