МАРАФОНИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ БА ШАРАФИ ИДИ ҒАЛАБА

Май 8, 2010 12:26

Душанбе,  8 май. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Бо  ташаббуси  ширкати байнидавлатии  радиою  телевизиони  «МИР» ва  кӯмаку  дастгирии  Бунёди  байнидавлатии  ҳамкории  гуманитарии  давлатҳои  иттиҳод,   9 май   дар  байни  пойтахти  Русия – шаҳри  Маскав,  шаҳрҳои  дигари  Русия  ва  мамлакатҳои  ИДМ  марафони телевизионӣ  ташкил  карда  мешавад. Марафони телевизионӣ  аз  соати  10 – и  пагоҳӣ  оғоз  меёбад. Онро  тақрибан  250  миллион  нафар  тамошо  хоҳад  кард. Барномаи  марафони телевизионӣ  аз  намоиши  расми  гузашти  низомӣ  дар  Майдони  сурх  оғоз  меёбад.  Дар  ҷараёни он  лаҳзаҳо  аз  филми  мустанади  «Таърихи  парадҳои  Ғалаба» намоиш  дода  мешавад.  Мухбирони  ширкати байнидавлатии радиою  телевизиони  «МИР»  аз  ҷараёни  таҷлили  иди  Ғалаба дар Минск, Брест, Киев, Севастопол,  Кишинёв,  Ереван,  Боку, Тифлис,  Остона, Бишкек ва  Душанбе  гузориш  хоҳанд  дод.  Дар  ҷараёни  марафони телевизионӣ  тамошобинонро   сарони   давлатҳои Озарбойҷон,  Арманистон, Белорусия,  Тоҷикистон,  Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия ва  Украина  ба  муносибати  ид  табрик  менамоянд. Марафони телевизионӣ  бо  озмуни  мусиқии  «Достони  аскари  ғолиб»  анҷом  меёбад. Дар озмун   овозхонони  ҷавони  аз  ҳамаи  мамлакатҳои  ИДМ  интихобшуда  ширкат  меварзанд.

Май 8, 2010 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид