МАЪРАКАИ ЭМГУЗАРОНӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

Май 17, 2010 14:32

Файзобод, 17 май.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова) –Дар сатҳи ҷумҳурӣ тайи солҳои охир бемории фалаҷ дар байни сокинони кишвар мушоҳида карда мешавад. Бо мақсади пешгири намудани ин бемори  тамоми усулҳоро аз ҷониби масъулини соҳаи тандурӯстӣ ба кор бурда истодаанд. Ба хабарнигори АМИТ»Ховар» ,директори маркази эмтаъминкунии беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод Рустам Аҳмадов гуфт,ки то имрӯз аз ҷониби кормандони мо дар ноҳия дар марҳилаи аввал,ки аз 1-уми  май то 8-уми май гузаронида шуд,ба 13114 нафар кӯдакони то синни  6-сола эм гузаронида шуд.Инчунин ба 901 нафар меҳмонони гирду атрофии ноҳияҳои ҳамсоя низ эм гузаронида шуд. Рустам Аҳмадов афзуд,ки дар ноҳия -1 макази саломатӣ,30 бунгоҳи тиббӣ, -8 маркази саломатӣ мавҷуд буда ба аҳолӣ ҳамагӣ 80 нафар мутахассисони кордон дар ин самт равона карда шудаанд. Маъракаи эмгузаронӣ дар ноҳияи Файзобод дар се баст гузаронида шуда истодааст. Аллакай марҳилаи  аввали эмгузаронӣ гузаронида шуд. Аз -18-уми май то -22-уми май аз пагоҳ оғоз меёбад.Марҳилаи сеюм аз -1 июн  то -5 июн гузаронида мешавад.

Май 17, 2010 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад