МАЪРАКАИ ЭМГУЗАРОНӢ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД
Файзобод, 17 май.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова) –Дар сатҳи ҷумҳурӣ тайи солҳои охир бемории фалаҷ дар байни сокинони кишвар мушоҳида карда мешавад. Бо мақсади пешгири намудани ин бемори тамоми усулҳоро аз ҷониби масъулини соҳаи тандурӯстӣ ба кор бурда истодаанд. Ба хабарнигори АМИТ»Ховар» ,директори маркази эмтаъминкунии беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод Рустам Аҳмадов гуфт,ки то имрӯз аз ҷониби кормандони мо дар ноҳия дар марҳилаи аввал,ки аз 1-уми май то 8-уми май гузаронида шуд,ба 13114 нафар кӯдакони то синни 6-сола эм гузаронида шуд.Инчунин ба 901 нафар меҳмонони гирду атрофии ноҳияҳои ҳамсоя низ эм гузаронида шуд. Рустам Аҳмадов афзуд,ки дар ноҳия -1 макази саломатӣ,30 бунгоҳи тиббӣ, -8 маркази саломатӣ мавҷуд буда ба аҳолӣ ҳамагӣ 80 нафар мутахассисони кордон дар ин самт равона карда шудаанд. Маъракаи эмгузаронӣ дар ноҳияи Файзобод дар се баст гузаронида шуда истодааст. Аллакай марҳилаи аввали эмгузаронӣ гузаронида шуд. Аз -18-уми май то -22-уми май аз пагоҳ оғоз меёбад.Марҳилаи сеюм аз -1 июн то -5 июн гузаронида мешавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






