МАРКАЗИ МИЛЛИИ ПАТЕНТУ ИТТИЛООТ

Май 28, 2010 09:06

Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Маркази миллии патенту иттилооти вазорати мазкур 17- сола шуд. Дар давоми 17 соли мавҷудият ба номи он 972 арзнома ба ихтироъ барои гирифтани патент, 452 арзнома барои дастрасии  нахустпатент ба ихтироъ, 136 арзнома барои дарёфти патент ба намунаи саноатӣ, зиёда аз 41 ҳазору 800 арзнома барои тамғаи молӣ ворид гардидааст. Ҳамаи арзномаҳо аз санҷиши дақиқи давлатӣ гузашта, ба соҳибонашон 472 патент барои ихтироъ, 320 нахустпатент ба ихтиро, 50 патент ба намунаи саноатӣ  ва 8 ҳазору 714 шаҳодатнома ба тамғаи молӣ дода шудааст. Мувофиқи синфбандии патентии байналмилалӣ, зиёда аз 50 фоизи ихтироъҳо ба соҳаи тиб, кимиё ва кишоварзӣ тааллуқ доранд ва 90 фоизи арзномаи ба шӯъбаи ихтироъ дохилшуда, арзномаҳои миллӣ мебошанд,- иброз дошт директори Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот Шарофуддин Наҷмуддинов ба мухбири АМИТ «Ховар».

Май 28, 2010 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад