МАРКАЗИ НАВИ САВДО ДАР ФАРХОР
Фархор, 12 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар маркази чамоати дехоти «Дехконарик»-и нохияи Фархор аз чониби сохибкор Сайфулло Хабибов комплекси маданию маишии «Фирдавс» мавриди истифода карор дода шуд. Комплекси мазкур бо талаботи меъморию шахрсозии муосир бунёд гардида он дорои 30 адад дукон ва 92 нуктаи савдо мебошад. Бояд кайд намуд, ки солхои тулонӣ дар чамоати дехоти «Дехконарик», ки дар он 12 хазору 600 нафар сокинон зиндаги мекунанд маркази савдо вучуд надошт ва мардум барои дастрас намудани маводи хӯрока ва сарулибос танкиси мекашиданд.Маврид ба ёдоварист, ки дар маркази мазкур нуктахои хизматрасонӣ аз кабили дӯзандагӣ, суратгирхона, сартарошхона, маркази компютерӣ ва ошхона фаъол гардонида шуда, айни замон 120 нафар сокинон бо чои кор таъмин гардиданд ва то охири сол боз 80 нафари дигар сохиби чои кор мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






