МАШВАРАТИ Э. РАҲМОН БО КАДРҲО

Май 7, 2010 08:31

6 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ нафаронеро, ки барои таъин ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк пешниҳод шудаанд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат таваҷҷўҳи асосӣ ба муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил, коррупсионӣ ва вобаста ба маводи мухаддир зоҳир карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз супоришҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони мамлакат омада буданд, хусусан оид ба амалҳои коррупсионӣ ва эътибор додан ба арзу шикоятҳои мардум, ёдовар шуда, онҳоро дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият ба хизмати содиқона бо дасту дилу нияти пок ба нафъи халқу  Ватан ҳидоят намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 7, 2010 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд