МАШВАРАТИ Э. РАҲМОН БО КАДРҲО
6 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ нафаронеро, ки барои таъин ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк пешниҳод шудаанд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат таваҷҷўҳи асосӣ ба муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил, коррупсионӣ ва вобаста ба маводи мухаддир зоҳир карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз супоришҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони мамлакат омада буданд, хусусан оид ба амалҳои коррупсионӣ ва эътибор додан ба арзу шикоятҳои мардум, ёдовар шуда, онҳоро дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият ба хизмати содиқона бо дасту дилу нияти пок ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






