МАШВАРАТИ РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ АНДОЗИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ

Май 26, 2010 14:59

Душанбе,  26 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  3  июн  дар  шаҳри  Душанбе   маҷлиси  25 – уми  Шӯрои   роҳбарони  муассисаҳои  андози  назди  Кумитаи  ҳамгироии Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия  ва  Шӯрои  17  — уми  ҳамоҳангсози  роҳбарони  муассисаҳои  тафтиши   андози  давлатҳои  ИДМ  кушода  мешавад. Дар  маҷлис  масъалаҳои  марбут ба  истифодаи   нисбии   роҳу  усулҳои   муайян  намудани  корхонаю  муассисаҳои  андозсупоранда,  пешгирӣ  намудани   андозбандии  дубора,  роҳу  усулҳои   пешгирии   саркашӣ  аз  пардохти  андоз  ва  ғайра  муҳокима  карда  мешаванд. Тибқи  нақша  дар  машварати  мазкур  Сарвазири Тоҷикистон  Оқил  Оқилов  иштирок  хоҳад  кард.

Май 26, 2010 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд