МАШВАРАТИ ТАРҶУМОНҲОИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар ҷараёни анҷумани 7 – уми Иттифоқи тарҷумонҳои Русия ва маҷлиси навбатии Шӯрои Федератсияи байналмилалии тарҷумонҳо, рӯзҳои 28 ва 29 май дар шаҳри Маскав таҳти унвони «Фазои воҳиди фарҳангии мамлакатҳои ИДМ ва Балтика» семинари тарҷумонҳои мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз Тоҷикистон дар семинари мазкур нависанда ва тарҷумони маъруф Абдуҷаббор Абдуғаффоров иштирок менамояд. Ҳадафи асосии семинар барқарор сохтани муносибатҳои эҷодӣ ва ба роҳ андохтани ҳамкории тарҷумонҳои мамлакатҳои ИДМ ва Балтика мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






