МАСЪУЛИН АЗ РАФТИ КОРҲО ҲИСОБОТ МЕДИҲАНД
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тайёрии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷашни Иди Ваҳдати Миллӣ рӯз аз рӯз беҳтар мегардад,- иброз доштанд дар Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Барои амалӣ гардидани нақша – чорабиниҳо дар бораи таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим ва Роштқалъа дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилоят, ки доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии он супоришҳои қатъӣ дода буд, корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, даҳҳо иншоотҳои замонавӣ бунёд гардиданд. Айни замон Агентии сохтмон ва меъмории назди Президенти ҷумҳурӣ ва масъулини он супоришҳои Сарвари давлатро барои амалӣ шудани сохтмони беш аз 100 иншооти ҷашнӣ таҳти назорат гирифта, аз рафти иҷрои корҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар моҳ ахборот пешниҳод менамоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






