МАЪЮБОНИ МУТАХАССИС ДАР ЛИТСЕЙ — ИНТЕРНАТ

Май 21, 2010 08:43

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, айни замон дар Муассисаи давлатии «Литсей – интернати касбии махсуси маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 279 нафар хонанда, ки 207 нафарашон бо  таъминоти давлат фаро гирифта шудаанд, аз рӯи 5 ихтисос : радиомеханик, ҳисобдор, дӯзанда,оператори компютер ва пойафзолдӯз мутахассисони касбӣ тайёр мекунанд. Дар бинои таълимии литсейи  мазкур 12 гурӯҳ дар 11 синфхонаҳои назариявӣ  ва 7 устохона ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар ин муассисаи таълимӣ шаҳрвандонимаъюби гурӯҳи  «2 — 3», ки тибқи тавсияи комиссияи тиббӣ иҷозати кор кардан ва гирифтани таълими истеҳсолӣ доранд, ҳамчунин бепарасторон, тарбиягирандагони хонаи кӯдакон, мактаб – интернатҳо, фарзандони нафақахӯрони шахсӣ ва маъюбони гурӯҳи «1 -2»,  инчунин фарзандони оилаҳое, ки барои тарбия шароити нокифоя доранд, барои таҳсил имтиёз доранд.

Май 21, 2010 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад