МЕҲМОНОН БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Субҳи 17 май вуруди ҳайатҳои иҷлосияи 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ ба пойтахти Тоҷикистон шурӯъ шуд. Иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои созмон аз 18 то 20 май баргузор мегардад. То ин лаҳза ҳайатҳои Албания, Камерун, Алҷазоир, Покистон, Миср, Малайзия, Уганда, Кот – де – Ивуар, Кувайт, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Нигерия, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, намояндагони Бонки Рушди Исломӣ ва Ҷомеаи мамлакатҳои араб ба Душанбе омаданд. Ҳайатҳои баъзе мамлакатҳо рӯзҳои 15 ва 16 май ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо роҳбарони баъзе ҳайатҳо мулоқот хоҳад кард. Вуруди иштирокчиёни иҷлосияи 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ ба Душанбе давом дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






