МЕҲМОНОН БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД

Май 17, 2010 10:30

Душанбе,  17 май. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Субҳи  17  май  вуруди  ҳайатҳои  иҷлосияи  37 – уми  Шӯрои   вазирони  корҳои  хориҷии  давлатҳои   аъзои Созмони  конфронси  исломӣ  ба  пойтахти  Тоҷикистон  шурӯъ  шуд.  Иҷлосияи  Шӯрои  вазирони   корҳои  хориҷии  давлатҳои  аъзои  созмон  аз  18  то  20  май  баргузор  мегардад. То  ин   лаҳза  ҳайатҳои  Албания, Камерун,  Алҷазоир, Покистон, Миср, Малайзия,  Уганда, Кот – де – Ивуар, Кувайт,  Аморатҳои  Муттаҳидаи  Араб,  Нигерия,  Ҷумҳурии  Африқои  Марказӣ,  намояндагони Бонки  Рушди  Исломӣ ва  Ҷомеаи  мамлакатҳои  араб  ба  Душанбе  омаданд. Ҳайатҳои баъзе  мамлакатҳо  рӯзҳои  15 ва  16  май   ташриф  оварданд. Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  имрӯз  бо  роҳбарони  баъзе  ҳайатҳо  мулоқот хоҳад  кард. Вуруди  иштирокчиёни  иҷлосияи  37 – уми  Шӯрои  вазирони   корҳои  хориҷии  мамлакатҳои  аъзои  Созмони  конфронси  исломӣ  ба  Душанбе  давом дорад.

Май 17, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад