МЕВАЮ САБЗАВОТ ВОРИДИ БОЗОР ШУД, ВАЛЕ …
Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо вуҷуди жолаю боронҳои зиёди имсола, меваю сабзавоти рӯёнидаи марди деҳқон дар моҳи майи соли ҷорӣ вориди бозорҳои пойтахт гардид, аммо ин на ба он нархе бозорро пур кард, ки соли гузашта дастраси аҳолии шаҳр шуда буд, — мегӯяд омӯзгори мактаби рақами 54 –и шаҳри Душанбе М. Шукраков, ки ҳамарӯза барои рӯзгори аҳли оила на аз дӯкон, балки аз деҳқон бо нархи барояш дастрас меваю сабзавот харидаю онро ба дафтари хотираҳо ёддошт кардааст. Агар соли гузашта нархи боқлаю қаланфури булғорӣ мутаносибан 4 – 3 сомонӣ барои 1кг муайян шуда буд, имсол нархи 1кг боқла 10 сомонӣ ва нархи 1кг қаламфури булғорӣ ба 8 сомонӣ расидааст, ки сабаби онро деҳқонон дар боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва интиколи бор тавассути нақлиёти боркаш медонанд. Нархи дигар маҳсулот низ нисбат ба соли гузашта 20 – 30 фоиз қимат аст, ки сабаби он ҳанӯз ба таври омавӣ ҷамъоварӣ нашудани ҳосил мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






