МУБОРИЗА БО УСУЛИ БОБОӢ

Май 25, 2010 09:47

Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бо малах» -и Вазорати кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Ғаниев, дар  52,6 ҳазор гектар замини 33 ноҳияи ҷумҳурӣ ҳашароти зараррасон, аз ҷумла  малахи марокашӣ таҳдид ба кишти зироатҳо дорад. Айни замон дар ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод ва Ғончии вилояти Суғд дар майдони 2 ҳазор га (1 ҳазор гектари он бо химикатҳо коркард шудааст),  малах паҳн гаштааст, ки ҳанӯз хавфи паҳншавии он аз байн нарафтааст, ҷойи аз ҳама бештар паҳн шудаи малах ноҳияҳои Вахшу Хуросони вилояти Хатлон ва Ҳисору Турсунзода дар ноҳияҳои тобеи марказ мебошад. Ҳоло тамоми техника ва қувваи корӣ барои нест кардани малах сафарбар карда шудааст, аммо бо сабаби ворид нашудани заҳрхимикатҳо тавассути қатораҳои дар сарҳади Ӯзбекистон буда, нест кардани малахро бо усули бобоӣ (дуд карда   ба хандақҳо андохта нобуд кардан) тавассути ҳашар аз байн бурданианд. Дар ноҳияҳои Хуросону Вахш малах ба палаки харбузаю тарбузи киштшуда ҳуҷум меорад. Мардум ҳам шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, барои нест кардани малах аз тамоми имкониятҳо истифода мекунанд, то ҳосили киштаашон барбод наравад.  

Май 25, 2010 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд