МУКОФОТИ ОЛӢ БА Э. ИҲСОНОҒЛУ ВА А. АЛТВАЛҶИРӢ

Май 19, 2010 16:15

Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз, 18 майи соли 2010 дар нимаи дуюми рўз ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ рӯзнома ва барномаи кории ҷаласаро қабул намуда, кори худро идома бахшид. Иштирокчиёни он дар ҷаласаи корӣ баррасии масъалаҳо ва музокираҳоро давом доданд. Дар доираи рўзнома маросими ба имзо расидани Ойиннома ва созишномаҳое, ки дар ҳошияи СКИ қабул шудаанд, сурат гирифт. Аз ҷумла, Оинномаи Созмони Конфронси Исломӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид, Созмони Конфронси Исломӣ ва Бонки исломии рушд ёддошти тафоҳум имзо карданд. Ҳамчунин кори ҷаласаи “Кумитаи махсус” оғоз ёфт, ки он тибқи си ғаи нишасти коршиносони аршад сурат мегирад. Дар фароварди кори  ҷаласа бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими пойтахти фарҳанги исломӣ эълон намудани шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг Абдулазиз Усмон Алтвалҷирӣ суханронӣ намуданд. Сипас ду фармони ба тозагӣ имзошудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат гардиданд ва Сарвари давлати Тоҷикистон шахсан ба Дабири кулли Созмони Конфронси Исломӣ Экмедиддин Иҳсоноғлу ва Дабири кулли Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг Абдулазиз Усмон Алтвалҷириро бо ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи 1 қадр намуд. Баъд аз анҷом ёфтани ин маросим Роҳбари давлати Тоҷикистон ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳо барои идомаи ҷашни пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани шаҳри Душанбе ба Бо ғи ботаникии шаҳр рафт. Имрӯз  ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ дар “Кохи Сомон”-и Бўстонсарои ҳукуматӣ кори худро идома медиҳад.

Май 19, 2010 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд