МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО К. САУДАБАЕВ

Май 20, 2010 11:43

Душанбе, 20 мая. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар ҳошияи ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси амалкунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Канат Саудабаев баргузор гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», аз Вазорати корхои хориҷии ҷумхурӣ иттилоъ доданд, Ҳамрохон Зарифӣ Раёсати Ҷумҳурии Қазоқистонро дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо тамоюли нав дар таърихи ин созмон номида, дастгирии Тоҷикистонро аз иқдомҳои Қазоқистон, аз ҷумла баргузор намудани саммити САҲА дар Остона таъкид намуд. Канат Саудабаев ҷониби Тоҷикистонро ба муносибати доир намудани ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ва раёсати ин созмонро бар дўш гирифтанаш табрик гуфта, ба сатҳи қабули ҳайатҳо ва ташкили кори ҷаласа баҳои баланд дод. Сипас ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳамкориҳои ин ду созмони бонуфузи байналмилалӣ дар давраи раёсати Тоҷикистону Қазоқистон дар онҳо, масъалаҳои минтақа, вазъияти Афѓонистон ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳи ҷонибҳо муҳокима шуданд. Ҷонибҳо аз дастгирии ҳамдигар дар ин созмонҳо ва дигар ташаббусҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин ҳамдигарфаҳмӣ аз муносибатҳо дар сатҳи роҳбарони давлат сарчашма мегирад ва ба дар давраи бисёр ҳам пурмасъулият – бар дўш доштани раёсати ин созмонҳои байналмилалӣ қумак хоҳад кард.  Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон аз ҳамтои худ даъват ба амал овард, ки ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари расмӣ сурат диҳад.

Май 20, 2010 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд