МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО САФИРИ РУСИЯ
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Поповро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбат масъалаҳои вазъи имрӯзаи муносибатҳо ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия муҳокима шуданд. Ҳ.Зарифӣ таваҷҷӯҳи Юрий Поповро ба қарори хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Федератсияи Русия дар бораи манъи ворид сохтани меваи хушк аз Тоҷикистон ба қаламрави Русия ҷалб намуда, хоҳиш кард, ки имконияти бекор кардани қарори мазкур баррасӣ карда шавад. Сипас Ю.Попов ба Ҳ.Зарифӣ дар бораи ҳайати намояндагони Русия дар маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ маълумот дод, ки 18 – 20 май дар Душанбе баргузор мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






