МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АКМАЛИДДИН ЭҲСОНУҒЛӢ

Май 17, 2010 16:10

17 майи соли 2010  нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсонуғлиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмон ва татбиқи амалии санадҳои дар саммитҳои сарони двлатҳо қабулшуда баррасӣ шуд. Ба гуфти Акмалиддин Эҳсонуғлӣ, Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин давлатҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ аст, ки баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ба узвияти Созмони конфронси исломӣ қабул шуд ва дар ин минтақа ягона давлатест, ки аз иҷлосияи 7-ум ин ҷониб дар ҳама ҳамоишҳои сатҳи олии ин созмон фаъолона иштирок мекунад. Мубодилаи судманди афкор оид ба раванди болоравии нуфузу эътибори Созмони конфронси исломӣ дар ҷаҳон, татбиқи Барномаи даҳсолаи амал, Ойинномаи нави Созмон ва доир ба фаъолияти Фонди ҳамбастагии исломӣ ва Идораи махсус оид ба кўмакҳои башардўстона дар ҳолатҳои фавқулодда сурат гирифт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Созмони конфронси исломӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт: — «Мо ҷонибдори болоравии нақши Созмон дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои доѓи ҷаҳони ислом, густариши ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, тундгароӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошем». Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, мусоидати фаъол ба гуфтугўйи миёни тамаддунҳо ва густариши ҳамкории созанда бояд аз самтҳои муҳими фаъолияти  Созмони конфронси исломӣ ва ҳама созмонҳои дигари манфиатдор бошад.

Май 17, 2010 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад