МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ИЛИР МЕТА

Май 17, 2010 17:58

17 майи соли 2010 зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Албания Илир Мета Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар баҳри ҳаммуаллифӣ дар пешниҳоди Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бобати таҷлили байналмилалии ҷашни Наврӯз арзи сипос намуд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба имконоти фарохи ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Барои ин муҳайё намудани заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ зарур шумурда шуд. Илир Мета изҳор дошт, ки «Албания ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд дорад» ва таъкид намуд, ки «ба наздикӣ сафири нави Албания ба Тоҷикистон бо лоиҳаҳои як қатор санадҳои ҳамкории аз ҷониби кишвараш таҳиягашта ташриф меорад». Ў ҳамчунин таъкид дошт, ки «ҷониби Албания хоҳони рушди  робитаҳо бо Тоҷикистон дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 17, 2010 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд