МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ИЛИР МЕТА
17 майи соли 2010 зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Албания Илир Мета Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар баҳри ҳаммуаллифӣ дар пешниҳоди Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бобати таҷлили байналмилалии ҷашни Наврӯз арзи сипос намуд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба имконоти фарохи ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Барои ин муҳайё намудани заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ зарур шумурда шуд. Илир Мета изҳор дошт, ки «Албания ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд дорад» ва таъкид намуд, ки «ба наздикӣ сафири нави Албания ба Тоҷикистон бо лоиҳаҳои як қатор санадҳои ҳамкории аз ҷониби кишвараш таҳиягашта ташриф меорад». Ў ҳамчунин таъкид дошт, ки «ҷониби Албания хоҳони рушди робитаҳо бо Тоҷикистон дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






