МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО НАВАТЗАДА МАЛИК АМАД ХАН

Май 18, 2010 07:59

17 майи соли 2010 дар мулоқот бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Наватзада Малик Амад Хан масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба Тоҷикистон, ки тобистони соли гузашта ҷараён гирифта буд, баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки он «дар муносибатҳои байнидавлатии мо марҳилаи нав боз намуд» ва таъкид кард, ки «барои татбиқи босамари санадҳои дуҷониба бояд Барномаи мушаххаси дарозмуддати ҳамкориҳо таҳия ва қабул гардад». Барои ин ҷоннок намудани  кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд. Соҳаи энергетика самти афзали ҳамкориҳои бунёдии иқтисодӣ номида шуд. Гуфтугўйи судманд оид ба татбиқи амалии лоиҳаи кашидани хатти интиқоли барқи КАСА-1000 ва имконоти бунёди корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати сабук ва хўрокворӣ сурат гирифт. Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба масоили амнияти минтақавӣ ва омодагӣ ба мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон ва Афғонистону Россия, ки тобистони имсол дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор хоҳад гашт, зоҳир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.    

Май 18, 2010 07:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд