МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО НАВАТЗАДА МАЛИК АМАД ХАН
17 майи соли 2010 дар мулоқот бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Наватзада Малик Амад Хан масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба Тоҷикистон, ки тобистони соли гузашта ҷараён гирифта буд, баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки он «дар муносибатҳои байнидавлатии мо марҳилаи нав боз намуд» ва таъкид кард, ки «барои татбиқи босамари санадҳои дуҷониба бояд Барномаи мушаххаси дарозмуддати ҳамкориҳо таҳия ва қабул гардад». Барои ин ҷоннок намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд. Соҳаи энергетика самти афзали ҳамкориҳои бунёдии иқтисодӣ номида шуд. Гуфтугўйи судманд оид ба татбиқи амалии лоиҳаи кашидани хатти интиқоли барқи КАСА-1000 ва имконоти бунёди корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати сабук ва хўрокворӣ сурат гирифт. Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба масоили амнияти минтақавӣ ва омодагӣ ба мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон ва Афғонистону Россия, ки тобистони имсол дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор хоҳад гашт, зоҳир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






