МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО СУЗАННА ЯКАБ

Май 3, 2010 20:51

         3 майи соли 2010 нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бюрои минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Сузанна Якабро ба ҳузур пазируфт.      Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ шуд.          «Мо ба ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии тандурустӣ баҳои баланд медиҳем ва ба рушду густариши минбаъдаи он манфиатдорем», — изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.         Ба гуфти Сузанна Якаб, ҳадафи асосӣ аз ташрифи ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон мусоидат ба пешгирии паҳншавии фалаҷи шадид (полиомелит) ва баррасии масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба аст».         Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, хусусан дар бартарафсозии фалаҷи шадид ва хурўҷи чунин бемориҳои хатарноки сироятӣ, ба мисли гулўзиндонак, вараҷа ва сурхча изҳори қаноатмандӣ карда шуд.            Ҳарду ҷониб изҳори боварӣ намуданд, ки бо кўшишҳои муштарак дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин пеши роҳи паҳншавии фалаҷи шадид (полиомелит) гирифта шуда, рафъи пурраи он таъмин мегардад. Таъкид гардид, ки барои пешгирии зуд ва ҳамаҷониба аз паҳншавии фалаҷи шадид бояд тамоми кўдакони то 6 — сола эм кунонда шаванд ва падару модарон бояд саҳлангорӣ накарда, ба дармонгоҳҳои маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.         Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 3, 2010 20:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад