МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ТАЛЕБ РИФАИ

Май 3, 2010 21:00

         3 майи соли 2010 худи ҳамин рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Дабири Кулли Созмони ҷаҳонии туризм Талеб Рифаиро ба ҳузур пазируфт.          Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ бо Созмони ҷаҳонии туризм ва дурнамои рушди ин соҳа дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.          Зикр гардид, ки дар замони муосир соҳаи туризм ба яке аз бахшҳои му?ими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст ва метавонад ба рушди бемайлони мамлакатҳо ва равобити судманди миёни мардумони гуногун мусоидат намояд. Таъкид карда шуд, ки айни ҳол 10 дарсади маҷмўи маҳсулоти умумиҷаҳонӣ аз ҳисоби туризм таъмин мегардад ва қариб 250 миллион нафар дар ин соҳа кор мекунанд.         Талеб Рифаӣ ба имконот ва дурнамои рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки ба наздикӣ баҳри тавсиаи ҳамкорӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иқтидори туристии ин кишвари кўҳистон миёни Созмони ҷаҳонии туризм ва Тоҷикистон як созишнома бояд ба имзо расад.          Ба гуфти Талеб Рифаӣ, сарватҳои асосии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон осори таърихию фарҳангии пурғановату бостонӣ, табиати биҳиштосо ва мардуми меҳмоннавозу хушсалиқаи он аст.         Ҳарду ҷониб ба таҳким ва густариши ҳамкории судманд ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.        Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 3, 2010 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд