МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО УСМОН МУҲАММАД УСМОН
17 майи соли 2010 дар мулоқот бо Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Мисри Араб Усмон Муҳаммад Усмон масоили ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид дошт:, «айни ҳол вақти он фаро расидааст, ки механизми самарабахши татбиқи амалии санадҳои дуҷонибаро роҳандозӣ намуда, барои иҷрои пурраю саривақтии онҳо талоши муштараки ҳадафмандона намоем». Ҳарду ҷониб ҳавасамандии самимии худро баҳри таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, фарҳанг ва туризм таъкид намуданд. Ба иштирок дар бунёди нерўгоҳҳои обӣ чун самти дорои дурнамои умедбахш дар ҳамкории судовари иқтисодӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки дорусозӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд. Барои густариши бештари ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ифтитоҳи Сафорати мустақили ҷумҳурии Мисри Араб дар шаҳри Душанбе ва хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва қоҳира матлуб дониста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






