МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО УСМОН МУҲАММАД УСМОН

Май 17, 2010 16:29

17 майи соли 2010 дар мулоқот бо Вазири рушди иқтисоди  Ҷумҳурии Мисри Араб Усмон Муҳаммад Усмон масоили ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид дошт:, «айни ҳол  вақти он фаро расидааст, ки механизми самарабахши татбиқи амалии санадҳои дуҷонибаро роҳандозӣ намуда, барои иҷрои пурраю саривақтии онҳо талоши муштараки ҳадафмандона намоем». Ҳарду ҷониб ҳавасамандии самимии худро баҳри таҳким ва густариши ҳамкорӣ  дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, фарҳанг ва туризм таъкид намуданд. Ба иштирок дар бунёди нерўгоҳҳои обӣ чун самти дорои дурнамои умедбахш дар ҳамкории судовари иқтисодӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки дорусозӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд. Барои густариши бештари ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ифтитоҳи Сафорати мустақили ҷумҳурии Мисри Араб дар шаҳри Душанбе ва хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва қоҳира матлуб дониста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.    

Май 17, 2010 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад