МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ЮСУФ ИБНИ АЛАВӢ
19 майи соли 2010 дар сўҳбат бо Вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Юсуф ибни Алавӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. «Мо кўшиш мекунем, то муносибатҳои ҳамкории судманд дар самтҳои мухталиф миёни Тоҷикистону Уммон беш аз пеш вусъату густариш ёбанд», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Барои ин омода сохтани асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои дучониба зарур шумурда шуд. Юсуф ибни Алавӣ салому паёми Султони Уммон Қобус ибни Саидро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расонда, ҳавасмандии роҳбарияти кишварашро ба ташкил ва густариши ҳамкории судманд бо Тоҷикистон таъкид намуд. Ба гуфти Юсуф ибни Алавӣ, ба нишони оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию сармоягузорӣ ва фарҳангӣ Салтанати Уммон омода аст, ки як шаҳраки муосири истиқоматӣ бунёд карда, ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи Тоҷикистон тақдим намояд. Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки Салтанати Уммон ба сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла чорводорӣ, истеҳсол ва коркарди меваю сабзавот ва дигар бахшҳои судовар иштироки фаъол дошта бошад. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва тадбирҳои муштараки кишварҳои мусулмонӣ гуфтугў сурат гирифт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Султони Уммон Қобус ибни Саид ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






