МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ЮСУФ ИБНИ АЛАВӢ

Май 19, 2010 16:17

19 майи соли 2010 дар сўҳбат бо Вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон  Юсуф ибни Алавӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. «Мо кўшиш мекунем, то муносибатҳои ҳамкории судманд дар самтҳои мухталиф миёни Тоҷикистону Уммон беш аз пеш вусъату густариш ёбанд», — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Барои ин омода сохтани асосҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои дучониба зарур шумурда шуд. Юсуф ибни Алавӣ салому паёми Султони Уммон Қобус ибни Саидро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  расонда, ҳавасмандии роҳбарияти кишварашро ба ташкил ва густариши ҳамкории судманд бо Тоҷикистон таъкид намуд. Ба гуфти Юсуф ибни Алавӣ, ба нишони оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию сармоягузорӣ ва фарҳангӣ Салтанати Уммон омода аст, ки як шаҳраки муосири истиқоматӣ бунёд карда, ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи Тоҷикистон тақдим намояд. Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки Салтанати Уммон ба сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла чорводорӣ, истеҳсол ва коркарди меваю сабзавот ва дигар бахшҳои судовар иштироки фаъол дошта бошад. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва тадбирҳои муштараки кишварҳои мусулмонӣ гуфтугў сурат гирифт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Султони Уммон Қобус ибни Саид ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 19, 2010 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад