МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ЗАЛМАЙ РАСУЛ

Май 18, 2010 16:55

18 майи соли 2010 дар сўҳбат бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул масоили сершумори ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягии ду кишвар баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки манфиатҳои муштараки сиёсии ду кишвар, таҳаввулоти босуръати дохилӣ ва минтақавӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо густаришу тақвият додани робитаҳоро, аз ҷумла  миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сохторҳои  сарҳадӣ, амниятӣ, ҳарбӣ, интизомӣ ва адлия тақозо мекунад. Бо қаноатмандӣ аз муносибатҳои дўстонаи ҳамсоягӣ зикр гардид, ки тайи 3 моҳи охир ҳудуди 100 нафар донишомўзон ва кормандони сохторҳои амниятию ва қудратӣ ва 300 нафар кормандони тиббии  Афғонистон курсҳои омўзиширо дар шаҳри Душанбе хатм карда, ба ватани худ баргаштанд. Иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид. Дар ин росто густариши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон бо кишварҳо ва созмонҳои гуногуни манфиатдор, аз ҷумла мулоқотҳои чорҷонибаи Тоҷикистон — Афғонистон – Покистон –Россия, мувофиқи матлаб дониста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 18, 2010 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд