МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ЗАЛМАЙ РАСУЛ
18 майи соли 2010 дар сўҳбат бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул масоили сершумори ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягии ду кишвар баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки манфиатҳои муштараки сиёсии ду кишвар, таҳаввулоти босуръати дохилӣ ва минтақавӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо густаришу тақвият додани робитаҳоро, аз ҷумла миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сохторҳои сарҳадӣ, амниятӣ, ҳарбӣ, интизомӣ ва адлия тақозо мекунад. Бо қаноатмандӣ аз муносибатҳои дўстонаи ҳамсоягӣ зикр гардид, ки тайи 3 моҳи охир ҳудуди 100 нафар донишомўзон ва кормандони сохторҳои амниятию ва қудратӣ ва 300 нафар кормандони тиббии Афғонистон курсҳои омўзиширо дар шаҳри Душанбе хатм карда, ба ватани худ баргаштанд. Иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид. Дар ин росто густариши робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон бо кишварҳо ва созмонҳои гуногуни манфиатдор, аз ҷумла мулоқотҳои чорҷонибаи Тоҷикистон — Афғонистон – Покистон –Россия, мувофиқи матлаб дониста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






