МУЛОҚОТИ Э. РАХМОН БО АБДУЛАЗИЗ ИБНИ УСМОН АТ-ТВАЙҶИРӢ

Май 17, 2010 17:51

17 майи соли 2010 дар сўҳбат бо  Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон Ат-твайҷирӣ аз ҳамкории густурдаи ин созмон бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанги Тоҷикистон, ки дар самти эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, осори пурғановати хаттӣ, аз ҷумла дастхатҳои нодири бостонӣ ва ҳамчунин кўмак ба олимону омўзгорони тоҷик дар корҳои илмию таълимӣ ба назар мерасад, баҳои баланд дод. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо дастгирии молиявии ИСЕСКО баҳри омўзиш ва бозомўзии донишҷўён ва олимону омўзгорони тоҷик ва татбиқи корҳои илмию амалии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои зиёд ба сомон расонда шудаанд. Таъкид гардид, ки «пойтахти фарҳанги исломӣ» эълон шудани шаҳри Душанбе ба ҳамкории бештару босамари Тоҷикистон бо Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф ва кишварҳои сершумори мусулмонии олам мусоидати фаъол хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 17, 2010 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд