МУЛОҚОТИ Э. РАХМОН БО АБДУЛАЗИЗ ИБНИ УСМОН АТ-ТВАЙҶИРӢ
17 майи соли 2010 дар сўҳбат бо Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон Ат-твайҷирӣ аз ҳамкории густурдаи ин созмон бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанги Тоҷикистон, ки дар самти эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, осори пурғановати хаттӣ, аз ҷумла дастхатҳои нодири бостонӣ ва ҳамчунин кўмак ба олимону омўзгорони тоҷик дар корҳои илмию таълимӣ ба назар мерасад, баҳои баланд дод. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо дастгирии молиявии ИСЕСКО баҳри омўзиш ва бозомўзии донишҷўён ва олимону омўзгорони тоҷик ва татбиқи корҳои илмию амалии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои зиёд ба сомон расонда шудаанд. Таъкид гардид, ки «пойтахти фарҳанги исломӣ» эълон шудани шаҳри Душанбе ба ҳамкории бештару босамари Тоҷикистон бо Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф ва кишварҳои сершумори мусулмонии олам мусоидати фаъол хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






