МУЛОҚОТИ Э. РАХМОН БО МУҲАММАД БОДАҲДАҲ

Май 19, 2010 16:28

19 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Дабири кулли ҷамъияти байналмилалии ҷавонони мусулмон Муҳаммад Бодаҳдаҳро ба ҳузур пазируфт. Муҳаммад Бодаҳдаҳ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки «мо аз ташаббусҳои сершумори Шумо оид ба тарғиби арзишҳои волои инсондўстонаи дини мубини Ислом  илҳом гирифта, тасмим дорем, ки дар чопи китобҳои Қуръони Карим бо тарҷумаи тоҷикиаш саҳми худро гузорем». Муҳаммад Бодаҳдаҳ иттилоъ дод, ки ҷамъияти байналмилалии ҷавонони мусулмон омода аст, ки беш аз 1 миллион нусха Қуръони Каримро бо тарҷумаи тоҷикӣ чоп намуда, дастраси ҷавонони Тоҷикистон намояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос ин иқдомро хеле судманд маънидод кард, зеро ба гуфти ў «мардуми тоҷик қуръонро бо забони модарии худ хонда, ба маъонии он дуруст сарфаҳм мераванд ва аз ҳар гуна каҷравию таҳрифоти ғаразнок худро дар канор мегиранд». Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ ва тадбирҳои минбаъдаи судманд гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.      

Май 19, 2010 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд