МУЛОҚОТИ Э. РАХМОН БО МУҲАММАД БОДАҲДАҲ
19 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Дабири кулли ҷамъияти байналмилалии ҷавонони мусулмон Муҳаммад Бодаҳдаҳро ба ҳузур пазируфт. Муҳаммад Бодаҳдаҳ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки «мо аз ташаббусҳои сершумори Шумо оид ба тарғиби арзишҳои волои инсондўстонаи дини мубини Ислом илҳом гирифта, тасмим дорем, ки дар чопи китобҳои Қуръони Карим бо тарҷумаи тоҷикиаш саҳми худро гузорем». Муҳаммад Бодаҳдаҳ иттилоъ дод, ки ҷамъияти байналмилалии ҷавонони мусулмон омода аст, ки беш аз 1 миллион нусха Қуръони Каримро бо тарҷумаи тоҷикӣ чоп намуда, дастраси ҷавонони Тоҷикистон намояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос ин иқдомро хеле судманд маънидод кард, зеро ба гуфти ў «мардуми тоҷик қуръонро бо забони модарии худ хонда, ба маъонии он дуруст сарфаҳм мераванд ва аз ҳар гуна каҷравию таҳрифоти ғаразнок худро дар канор мегиранд». Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ ва тадбирҳои минбаъдаи судманд гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






